вы красивый цветок. вы очень красивы. Интервью с мамой Нозии!!!
Нозия дар Маскав консерт намедиҳад
22 сентябр,Pressa.tj— Пас аз машварат ва сӯҳбат бо ба ном баргузоркунандагони консерти дар ҳеҷ куҷо сабти ном нашудаи Нозия мо ба хулосае омадем, ки Нозия ба ин консерти бидуни огоҳии мо намеравад,- ахиран хабар дод модари Нозияи - Зулфия Қурбонова.
Ӯ гуфт:
- Мо қаблан низ мехостем, ки барои муҳоҷирони тоҷик як консерти хуберо ба роҳ монем. Аммо аз якуякбора бидуни иҷозаи мо консертро ба роҳ мондани ашхоси номаълум хеле асабӣ шудем. Шумо хуб медонед, ки ҳар сароянда бояд камаш се моҳ барои як консерт тайёрӣ бинад ва бояд се моҳ пеш нақша кашад, ки дар фалон моҳу фалон рӯз ва фалон соат дар ин ё он толори шаҳре барномаи консертӣ дорад.
Аммо мо наметавонем, ки ба ин консерт равем. Зеро аввалан, бо ҳеҷ кас дар ин хусус машварат накардаву шартномае надорем. Дуюм, мо дар ин рӯз нақшаҳои дигаре, ки чандин моҳ пешакӣ тарҳрезӣ намуда будем, амсоли сабти клип дар давлати хориҷа дорем.
Охир, Русия давлати мутарақии ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва хоҳ-нохоҳ дар байни тоҷикони бурунмарзӣ намояндаҳои дигар халқияту миллатҳо, ба хусус русҳо дар ин консерт ҳузур меёбанд. Нозия бошад, дар он ҷо бояд аз номи 8 млн аҳолии Тоҷикистон баромад карда, беҳтарин таронаҳои тоҷиконаро пешниҳод намояд. Ба ғайр аз ин, бояд дар ҳар консерт сароянда камаш се суруди нав сарояд, аммо дар ҳашт рӯз мо наметавонем, ки мувофиқ ба стандарти аврупоӣ миқдори зиёди сурудҳои тозаро омода нам оем. Барои ҳамин аз ҳамаи онҳое, ки билети ин консертро харидаанд, хоҳиш мекунам, ки бозпас рафта, пулҳояшонро гиранд, Нозия консерт намедиҳад.