вы красивый цветок. вы очень красивы. Еще одна новость.... Модари Нозия: Мо аз консерти Нозия дар Маскав хабар надорем 22 сентябр,Pressa.tj- Гӯё рӯзи 30-юми сентябри соли равон, дар яке аз толорҳои консертии шаҳри Маскави Федератсияи Русия консерти Нозияи Кароматулло баргузор мешудааст. Зулфия Қурбонова, модари сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик- Нозияи Кароматулло дар сӯҳбат бо “Pressa.tj» иброз намуд, ки аҳли оилаи онҳо танҳо ҳамин шаб дар бораи гӯё рӯзи 30-юми сентябри соли равон, дар яке аз толорҳои консертии шаҳри Маскави Федератсияи Русия консерт додани духтарашро фаҳмидаанд: “ Мо чанд рӯз қабл дар шаҳри бостонии Хуҷанд будем ва ҳамин шаб ба Душанбе баргашта, баробари ба хона даромадан, яке аз дӯстонамон занг зада, хурсандии худро бобати дар Маскав баргузор намудани консерти калони Нозия иброз намуд. Баробари шунидани ин хабар мо дар ҷоямон шах шуда, чӣ гуфтанамонро надониста мондем, зеро мо ҳатто бобати дар консертҳои калон иштирок намудани Нозия бо масъулин пешакӣ гуфтугӯ намуда, қарордод мебандем, чӣ расад ба консерти калон ва он ҳам бошад, дар шаҳри Макав”- мегӯяд хонум Зулфия. Модари Нозия, ҳамчунин афзуд, ки аз ин кори масъулини консерт ба ғазаб омада, ҳамон лаҳза, шабошаб ба телефонҳое, ки барои маълумоти пурра гирифтан дар банерҳои дар сомонаҳои интернетӣи Вконтакте, Фейсбук, Одноклассники ва ғайра ҷойнамуда занг задаанду масъулин ғайричашмдошти эшон гуфтанд, ки ду ҷавон омада, худро аз наздикони Нозия муаррифӣ намуда, бо онҳо дар бораи консерт маслиҳат кардаанд. “ Ман аз ин сухани масъули консерт бештар асабӣ шуда, гуфтам, ки ҳамеша дар бораи консертҳои духтарам танҳо ва танҳо ман қарордод мебандам ва бидуни иҷозаю имзои ман то ҳол ягон консерти чӣ алоҳида ва чӣ муштараки Нозия баргузор нашудааст. Шумо чӣ хел тавонистед, ки ба ким- кадом одамони ношинос бовар карда, лоақал як бор бо ман дар тамос нашавед. Баъди он ки масъулин фаҳмидаанд, ки фиреб хӯрдаанд, ба мо бо хавф гуфтанд, ки “ Акнун чӣ кор мекунем, охир мо аз нисф зиёди билетҳоро фурӯхтаем?” Ман бошам, ба онҳо то бегоҳии ҳамин рӯз, яъне рӯзи 22-юми сентябр мӯҳлат додам. Бегоҳӣ ҳамааш ҳал мешавад” Зулфия-хонум дар охир бо таассуф гуфт, ки ба ҳамааш майлаш, лекин мо диламон ба ҳоли мухлисони Нозия месӯзад, ки ба ин дурӯғ фирефта шуда, билети консерти ӯро бо нархи гарон харидаанд. Боз дар мулки ғарибӣ. Акнун мо ҳайронем, ки чӣ кор кунем, аз як тараф мухлисони сершумор истодаанду аз тарафи дигар фиреби ширкати консерт баргузор мекарда. Аммо ба ҳар ҳол, умед бар он мебандем, ки бегоҳӣ ҳамааш ҳал мешавад. Оё Нозия ба хотири мухлисонаш ба Русия меравад ё ширкати консертбаргузормекардаро ба суд медиҳад? http://www.pressa.tj/ru/node/33279

Теги других блогов: Нозия Кароматулло консерт Масква